РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Ставрополи Россия намоиши фарҳангу таърихи тоҷикон доир гардид

27 декабр дар Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ бори аввал рӯзи фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Ставропол баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ намоиши либосҳои миллӣ, расму оин ва таомҳои тоҷикиро дар бар гирифт, ки писанди иштирокдорони чорабинӣ гардид. Дар ин бора аз Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин маъракаи фарҳангӣ ба 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он дар саҳни Донишгоҳи мазкур бо шукўҳу шаҳомати хосса оғоз гардид. Иштирокдорони ин ҳамоишро асосан намояндагони халқиятҳои гуногуни ин кишвар ва ҷамъиятҳои онҳо ташкил дод.

Донишҷўёни тоҷики Донишгоҳи федералии Қафқози Шимолӣ, намояндагони Маркази фарҳангии тоҷикони Ставропол «Дӯстӣ», инчунин ҷавонони муқимии шаҳри Ставропол ва Краснодар талош намуданд, ки бо оростани дастархони пурнозу неъмати тоҷикӣ, ташкили намоиши либосҳои миллӣ ва расму оини тоҷикӣ дар сатҳи баланд ба иштирокдорони ин ҳамоиши фарҳангӣ оид ба миллати қадима будани тоҷикон ва таърихи бою рангин доштани онҳо маълумот бидиҳанд.


Мояи ифтихор аст, ки онҳо ба мақсади хеш расиданд. Баъди тамошои ин намоишгоҳ намояндагони миллатҳои гуногун таассуроти неки худро аз фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷик иброз доштанд. Ба онҳо махсусан гузаронидани туйи хонадоршавии навҷавонон ва либосҳои миллӣ, аз ҷумла куртаи чакану атлас писанд омад.

Созмондиҳандагони чорабинӣ дар назди худ мақсад гузоштанд, ки минбаъд ҳамасола чунин маъракаи фарҳангиро, ки баҳри равнақу мустаҳкам гардидани дўстии байни миллатҳо ва шинохти якдигар мусоидат менамояд, барпо намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram