28 декабр дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо ибтикороти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат зери унвони «Паём — роҳнамои миллат» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарият ва аъзоёни Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Воқеан, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, роҳнамои миллат мебошад. Зеро, дар Паём самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат фаъолияти хешро тавсеа дода, дар ташкилоту идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мулоқоту вохӯриҳо баргузор менамоянд.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” низ дар навбати хеш ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саъю талош намуда, дар самти муаррифии таъриху фарҳанг ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ дар соли 2023 фаъолияти хешро густурда хоҳад намуд.
Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки бо матраҳ намудани масъалаҳои гуногунҷанбаи соҳаҳои кишвар Президенти мамлакат соли тақвимиро натиҷагирӣкарда, дурнамои давлату Ҳукуматро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Бо ин омил, Паём чун барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ, умуман мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат зикр гардидааст, ки тамоми ниҳодҳо онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.