РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров гузошта шуд

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 28 декабр таҷлил мешавад, бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27 декабри соли 2022 маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзанди  далеру шуҷои Ватан шодравон Олимназар Холиқназаров ба номи ӯ гузошта шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузории заҳматҳои ҷавонмардонаву садоқати ватандӯстонаи як фарзанди сарсупурдаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбии худ содиқ монд, роҳандозӣ гардид. Ташаббуси мазкур ҳамзамон ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, инчунин садоқату вафодорӣ ба Ватан — модар ва хоки муқаддаси Тоҷикистон равона гардидааст.

Қаблан Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба наздикону пайвандони қурбониён — полковник Олимназар Холиқназаров ва капитан Шералӣ Раҳимзода, ки дар натиҷаи низоъҳои марзӣ ҳалок шуда буданд, изҳори таслият ва эҳсоси ҳамдардии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид

Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр мекунанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram