РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид

27-уми декабри соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустин маротиба дар таърихи синамои миллӣ Питчинг лоиҳаҳои синамоӣ бо иштироки киношиносон, коргардонҳо, филмноманвисон ва дигар алоқамандони синамо баргузор гардид.

Нахуст, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён баргузории Питчинг ва фарорасии соли нави мелодиро ба ҳозирин таҳният гуфта, мазмуну моҳияти ва марому мақсади питчингро шарҳ дода, таъкид дошт, ки минбаъд ба хотири филмбардорӣ ва дарёфти филмномаҳои хубу баландмазмун Питчинги лоиҳаҳои синамоӣ пайваста доир карда хоҳад шуд.

Баъдан, барои саҳми муносиб дар рушди синамои миллӣ ва собиқаи бардавом ҳунарпешаҳои мардумӣ Турахон Аҳмадхонов ва Баҳодур Миралибеков бо нишони «Аълочии кинематографияи тоҷик» сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома, филмномаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо муаррифӣ ва рӯнамоӣ гардиданд.

Пас аз муаррифӣ ва рӯнамоии ҳар як лоиҳа миёни муаллифон ва иштирокчиён музокироти судманд тариқи суолу ҷавоб доир гардид.

Ҳамин тавр, нахустин питчинги лоиҳаҳои синамоӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, зиёда аз 10 адад филмномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷааш пас аз 10 рӯзи тақвимӣ тавассути шабакҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” расонаи карда хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram