РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Раиси вилоят бо собиқадорони меҳнат мулоқот намуд

28 декабр, дар арафаи Соли нави мелодии 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳант мулоқот намуд. Дар ин бора аз Хадамоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Мавриди зикр аст, ки сол аз сол андозаи нафақаи иштирокчиён ва маъюбони ҷанг, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва нафақагирон мутаносибан меафзояд.

Гуфта шуд, ки Шӯрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Ташкилоти собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 291 ташкилотҳои ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят то 1 декабри соли 2022 — юм 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 17 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орденҳо ва медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»  мукофотонида шудаанд ва  86 нафар,  ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар  хизмати ҳарбӣ буданд, ҳамзамон бештар аз 11 ҳазору 150 нафар собиқадорони меҳнатро муттаҳид менамояд.

Дар вилоят 370 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Миқдори умумии нафақагирон 240 ҳазору 750 нафар буда, беш аз 11 ҳазор нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд.

Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази диққати муассисаҳои табобатӣ, Шӯроҳои собиқадорони вилоят ва мақомити иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад. Дар ин раванд, солҳои охир дар вилоят бобати таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад. Чунончӣ, соли равон аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо 139 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то ин дам 91 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар охир фарорасии Соли нави мелодии 2023-ро табрику таҳният намуда, ба собиқадорони меҳнат дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нек дастоварду муваффақият ва саломативу саодатмандӣ таманно кард.

Ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравии роҳбари вилоят супорида шуд. 

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram