27-уми декабри соли 2022 китоби филмноманависи тоҷик Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) “Филмномаҳои Шераки Ориён”, ки дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои алоқамандони синамо, киношиносон, мунаққидони кино, коргардонҳо ва филмбардорон муаррифӣ ва рӯнамоӣ карда шуд. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Таъкид гардид, ки дар таърихи синамои миллӣ ин нахустин маҷмуаи филмномаҳои тоҷикӣ маҳсуб ёфта, барои филмбардорони ҷавон ва хоҳишмандон дастурамали омӯзишӣ маънидод карда шуд.