РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат ҳашари ниҳолшинонӣ гузаронида шуд

30 декабри соли 2022 дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат –ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳор, маҳаллаи Баҳор ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Дар ҳашари ниҳолшинонии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо иштирок намуданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ, дар доираи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳким бахшидани деҳқонони хурд ва чорводорон ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон»-и Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.

Мавзеи мазкур масоҳати 6 гектарро дар бар гирифта, то имрӯз 5295 дарахтони гуногуни ороишӣ аз қабили санавбар, туя, каштан, аморфа, акатсия, чормағз, ясен ва қарағоч шинонида шудааст, ки обёрии онҳо тариқи қатрагин ба роҳ монда шудааст. Дар доираи чорабинии мавриди назар 200 адад дарахти санавбар ва туя шинонида шуд.

Баъд аз шинонидани дарахтони гирду атрофи ҳудуди номбурда марҳила ба марҳила бо симтур махкам карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram