РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» чоп шуд

Дар Хуҷанд китоби нави «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба табъ расид. Китоб аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» нашр шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Китоби «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» шарҳу тавзеҳи 52 истилоҳи ирфонӣ ва таъбири арабиро фарогир буда, аз 268 саҳифа иборат мебошад. Кори муқаддамотӣ дар роҳи фаҳмотар шудани маонии ниҳонии шеъри Камоли Хуҷандӣ мебошанд.

Маврид ба зикр аст, ки Шайх Камол аз чеҳраҳои адабӣ ва ирфонии машҳур ба шумор рафта, шеъраш дар партави ашъор ва осори рамзгароёнаи орифони пешин суруда шуда, ҳамзамон ў бисёр масоили назариву амалии ирфониро дар қолаби андешаҳои манзуми орифона такмилу тавсеа бахшидааст. Аз ин рў, баррасии решаҳои ирфонӣ ва андешаҳои шоиронаи ў аз масоили муҳимми камолшиносӣ маҳсуб ёфта, дар кори пажўҳиши ашъор ва орову андешаҳои шоир марҳилаи нав ба ҳисоб меояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram