РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Бадахшон ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид

Ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал ва захира кардани маводи ду солаи маводи озӯқаворӣ имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар ярмарка маҳсулоти аввалия, аз ҷумла орд, шакар, биринҷ, макарон, гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз, карам ва дигар намуди маҳсулот ба фурӯш гузошта шуд.

Ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ доир шуда, дар он аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои вилоят маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон — орд 270 сомонӣ, равғани 5 литра 100 сомонӣ, биринҷ 10, макарон 8, нахудпора 6, приловка 5,5 сомонӣ,

гӯшт 50 ва шакар бо нархи 9 сомонӣ пешниҳоди аҳолӣ гардонда шуд.

Раиси Вилоят Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳудуди вилоят барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии хушсифат арзи сипос намуда, ҷиҳати мунтазам таъмин намудани фаровонии бозор бо маҳсулот ва роҳандозии чунин ярмаркаҳо ба масъулин супоришҳои иловагӣ доданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз фурӯши чорво шохдори калон, моли майда ва паранда низ ташкил гардид.

Сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атроф аз иқдоми наҷибонаи роҳбарияти вилоят дар арафаи Соли нави мелодӣ изҳори ризомандӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram