РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Фахробод» тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардиданд

Дар доираи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар машқгоҳи «Фахробод»-и гарнизони Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томи таъйиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила доир карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд.

Мақсад аз баргузор гардидани машқҳо- асосан танзими ҳолати низомӣ ё таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифтани тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқӣ, бурдани амалиёти муштараки махсус, ҳаракати ҷузъу томҳои асосӣ, ҳамчунин таъқиб ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст буд.

Барои дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикану ғайриқонунӣ мусаллаҳи мамлакат бо истифода аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯш, авиатсияи ҷангӣ, мошинҳои махсуси  замонавии зиреҳпӯш, норинҷаки дастӣ ва дигар силоҳу муҳимоти ҳозиразамони мухталифи ҳарбӣ ба сӯйи ҳадафҳои ниҳоӣ, ки таҷассумгари душманони шартӣ буданд, оташи шадид равона гардид.

Дар машқҳои мазкур унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва дигар роҳу усулҳои мубориза бар зидди афроди ғайриқонунии мусаллаҳ амалан коркарду тарҳрезӣ шуданд.

Ҷараёни баргузории машқҳои мазкур аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бевосита назорат карда шуд.

Зимни ҷамъбасти даври ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими сулҳу суботи мамлакат, амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии кишвар, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ ва боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат таъкид карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram