Соли 2023 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба давлатҳои аъзо нақшаи фарогири амалро, ки онро «Рӯзномаи нави сулҳ» номидааст, муаррифӣ мекунад. Дар он усулҳои мушаххаси муқовимат бо чолишҳои глобалии амнияти башарият дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон иттилоъ медиҳад, дар ин бора Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш 14 декабри соли равон зимни иҷлосияи Шӯрои амният хабар дод.
«Рӯзномаи нави сулҳ» фарогири доираи васеъ ва дурнамои дарозмуддат хоҳад буд, — гуфт Антониу Гутерриш. — Он роҳҳои навсозии воситаҳои мавҷудаи миёнаравӣ, посдории сулҳ, бунёди сулҳ ва мубориза бо терроризмро баррасӣ хоҳад кард. Илова бар ин, дар нақша омили пайдоиши таҳдидҳои нав дар соҳаҳое, аз қабили кайҳон ва киберфазо ба назар гирифта шудааст.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ бо ибтикори Ҳиндустон ва таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии ин кишвар Субраманям Ҷайшанкар баргузор шуд».
Ҷаҳон дар марҳилаи гузариш қарор дорад
Дар айни замон, ба гуфтаи Дабири кулли СММ, ҷаҳон дар марҳилаи гузариш — дар остонаи фарорасии давраи рақобати нави геополитикӣ қарор дорад. Дар ин асос СММ бояд муносибати ҳамаҷонибаро барои вокуниш ба навъи нави хатарҳо муайян кунад. Чунин бархӯрд зарурати бунёди сулҳ, рушди устувор, вокуниши саривақтӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин таъмини амнияти озуқавориро ба назар мегирад. «Рӯзномаи нави сулҳ» роҳҳои беҳтар кардани воситаҳои мавҷудаи посдории сулҳи СММ-ро баррасӣ менамояд.
«Ин имконияти мо барои ҳисоб кардан ва тағйир додани самти фаъолият аст, — гуфт Антониу Гутерриш. — Дар ҷаҳони муосир, ки ягона итминон номуайянӣ аст, вазъият – агар ҳеҷ коре карда нашавад – эҳтимол бадтар мегардад. Силоҳҳои марговар аз ҳарвақта арзонтар ва пешрафтатар шудаанд. Инсоният акнун қодир аст, ки худро тамоман нест кунад».
Муносибатҳои инноватсионӣ
Ташаббуси ғаллаи Баҳри Сиёҳ, ба зикри Дабири кулл, нишон дод, ки СММ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамоно нақши беназир ва ҳаётан муҳим мебозад.
«Мо бояд чунин муносибатҳои инноватсиониро таҳия ва васеъ кунем, — тазаккур дод Антониу Гутерриш. – Воситаҳои мавҷуда низ арзиши бузург доранд – онҳо ба наҷоти бисёр одамон мусоидат кардаанд; мо бояд минбаъд ҳам ба онҳо маблагғузорӣ намоем ва онҳоро ба воқеияти нав мутобиқ гардонем. Баъзан татбиқи онҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда намерасонад ва чун қоида, ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки дар воқеияти мавҷуда аз онҳо чизи имконнопазир интизоранд».
Дабири кулли СММ таъкид кард, ки «бесаброна» мунтазири баррасии минбаъдаи «Рӯзномаи нави сулҳ» бо давлатҳои аъзои Созмон аст.
Шӯрои амният доир ба Украина ягон қатънома қабул карда натавонист
Раиси Маҷмаи Умумии СММ Чаба Короши зимни суханронии худ дар ҳамин иҷлосия ба аъзои Шӯрои амният хотиррасон кард, ки қарорҳои қабулкардаи онҳо ба вазъи ҳашт миллиард аҳолии сайёра таъсир мерасонад. «Шумо бояд ба беҳтар шудани шароити зиндагии мардуме, ки ба шумо такя доранд, кумак намоед. Ва ба шумо зарур меояд, ки ин корро дар замони тағйироти амиқи ҷаҳонӣ ва қутбшавӣ анҷом диҳед», — гуфт Короши.
Дар баробари ин, ба гуфти ӯ, ба вазъи аҳолӣ «на танҳо амал, балки беамалӣ»-и Маҷмаи Умумӣ ва дар навбати аввал Шӯрои амният низ таъсир мерасонад. «Дар Украина тақрибан даҳ моҳ аст, ки ҷанг идома дорад ва то имрӯз Шӯро ягон қатънома оид ба рафъи ин буҳрон қабул накардааст, ҳарчанд СММ барои пешгирии чунин буҳронҳо таъсис дода шудааст», — таъкид кард Раиси Маҷмаи Умумии СММ.
Ӯ тасдиқ кард, ки мутобиқи уҳдадории ба ӯ вогузоршуда ният дорад, ҳар дафъае, ки ягон аъзои Шӯрои амният аз ҳуқуқи вето истифода кунад, Маҷмаи Умимиро даъват намояд.
Чаба Короши аз Шӯрои амният хост, ки ихтилофотро канор гузорад ва тасмимҳое бигирад, ки ба ранҷу азоби мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳон хотима бахшанд.