Дирӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиеваро бо «Ифтихорнома» ва мукофоти пулӣ ба маблағи 15 000 сомонӣ қадрдонӣ намуд. Инчунин ба ғолибони се озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — Фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», яъне гирандаи ҷойи аввал 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз 15 нафар омӯзгорон, 28 нафар гирандагони Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Соҳибватан» ва 15 нафар гирандагони Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Омӯзгори ифтихории Хатлон» бо туҳфаҳои пулӣ ва «Сипоснома» сафароз гардонида шуданд.
Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши дастовардҳои наврасону ҷавонони донишвар, ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва сабқатҳои варзишӣ пешниҳод гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки «ҷавонону варзишгарон ояндасозони давлату миллати тоҷик ҳастанд ва итминони давлату Ҳукумати мамлакат ба онҳо хеле қавӣ аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, воқеан «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад».
Соли 2022 шумораи гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон 130 нафарро ташкил дода, ҷараёни баргузорӣ ва таъмини шаффофият дар озмуни гирандагони стипендияи Раиси вилояти Хатлон аз ҷониби масъулини соҳа зери назорат қарор дода мешавад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ин ҳама таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба ташвиқи наврасону ҷавонон ба илму донишандӯзӣ равона гардида, аз ҳар намояндаи насли нав масъулияти ҷиддиро нисбат ба таҳсилу омӯзиш, иштироки фаъолона дар барномаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ҳифзи суннату арзишҳои миллӣ тақозо мекунад.