РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

СУҒД: даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Дирӯз озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» дар сатҳи вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Дар марҳилаи аввали озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» 11 нафар намояндагони беҳтарини касбу кори худ – ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯи 5 шарт – машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ ширкат намуда, 6 нафар беҳтаринҳо ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври ҷамъбастӣ довталабон аз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати хешро нишон доданд.

Бояд қайд кард, ки ҳамаи иштирокчиён аз ӯҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд. Онҳо аз дискҳо самаранок истифода намуда, корҳои эҷодиашонро дар шакли дастурҳои методӣ, мақола, маърӯза ва воситаҳои айёнӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҷамъбаст Муҳаррам Набизода — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон сазовори ҷойи якум гардид.

Ғолиби даври вилоятии озмун Муҳаррам Набизода — мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» вилояти Суғро намояндагӣ менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram