Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» романи нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ба нашр расонд.
Романи тозанашр аз ҳаёту фаъолият ва зиндагии шоир, хаттот, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ нақл мекунад. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ шоири тавонову рангинхаёли охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ буда, соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши собиқ тумани Кангурт таваллуд шудааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир илмҳои расмии замон, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунарҳои лаввоҳӣ, тарроҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ, муҳрканӣ ва хаттотиро мукаммал аз бар карда буд. Худи шоир аз соҳибҳунариаш чунин ифтихор намудааст:
Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам
Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил бо шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстона доштааст. Шоир баъди таҳсил ба сафари ҳаҷ мебарояд ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ ба мамлакатҳои Фаронса, Ҳиндустон ва Эрон низ сафар кардааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр мекунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба дарсдиҳӣ машғул мешавад. Шоир соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад.
Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст:
Агар бар хоки Ҳоҷӣ бигзарӣ, фасле тааммул кун,
Ки бе файзе набошад тӯдаи хоки мазори ӯ.
Тавре Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода иброз дошт, куллиёти шоир соли 1912 дар шаҳри Тошканд ба табъ расида, аз 6500 байт иборат мебошад. Дар куллиёт ғазалиёт, қасидаҳо, рубоиёт, мусамматҳо, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва мактубҳои манзуму мансури шоир фароҳам омадаанд. Инчунин миқдори зиёди ашъори шоир дар маҷмӯаву баёзҳои оғози асри ХХ сабт гардидаанд. Аз ӯ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» (дар бораи навъҳои хат ва хаттотӣ) боқӣ мондааст. Аз Ҳоҷӣ Ҳусайн мероси гаронбаҳо боқӣ мондааст. Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн ғазал мавқеи муносиб дошта, шумораи он ба 274 адад мерасад. Дар ғазалиёти Ҳоҷӣ таъсири ашъори Ҳофиз ва Бедил эҳсос мешавад.
Романи нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим «Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ» нахустин асари бадеие мебошад, ки аз рӯзгору фаъолияти нотамоми шоир ҳикоят дорад. Дар китоб лаҳзаҳои дар Фаронса — Париж зиндагӣ намудани шоир хеле табиӣ ба қалам дода шуда, дӯстӣ ва ҳамкории шоири тоҷик бо адибони франсуз Франсуе, Марсел ва Аҳмади Табрезӣ боварибахш инъикос ёфтаанд.
Забони роман содаву равон буда, истифодаи зарбулмасалу макол ва гӯйишҳои мардумӣ онро хонданибоб кардааст. Роман бо намунаи дастхатҳои худи шоир ба зевари табъ расида, образу симоҳои шинос, шеърҳо ва номаҳои шоир онро хонданибоб намудаанд.