РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хуҷанд: Ба сохтмони кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба бунёди кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин бора аз Хадамоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бинои нави кӯдакистони рақами 9 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, дар он 350 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Меъмори муосир» таҳия гардида, пудратчиён ҶДММ «Истиқлол гурӯҳ» ва ҶДММ «Хушофар» мебошад.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамсола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бо назардошти ин, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо аз имкониятҳо истифода намоянд.

Раиси вилоят сипас ҷараёни корҳои сохтмониро дар бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, мактаби камонварӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram