РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мусаввараҳои рассомони тоҷик дар портали Осорхонаи маҷозии Русия ба намоиш гузошта шуданд

Дар портали Осорхонаи маҷозии Русия аввалин бор 13 адад мусаввараи ҷониби Тоҷикистон  ба намоиш гузошта шуданд. Дар портали мазкур аз фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” 13 мусаввараи 7 рассоми машҳури Тоҷикистон ба монанди Абдураҳмонов М. А. , Ҳабибуллоев З. Н., Илябаев Д. Я. Пономарев А. М., Ҳайдаров А. К., Лисиков И. Л., Никитин Н. Н. пешниҳод гардонида шудааст. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоиши мазкур шакли электронии асарҳои “Модар”, “Портрети комсомол”, “Фотеҳон”, “Сохтмончиёни Норак”, “Декрети замин”, “Пионерҳои ҷавон”, “Пахтакорон”, “Дуои Модар”, “Портрети муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон М. Маҳмудова”, “Чорабинии варзишӣ дар рӯзи эълон карда шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 15 марти соли 1925” ва ғайраи муаллифони болозикр пешниҳоди тамошобинон гардидаанд. Ин асарҳо тамошобинонро бо тарзи либоспӯшӣ, сохтмони иншоот, варзиши миллӣ, санъати рассомӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик дар нимаи аввали асри XX ошно менамоянд.

Бояд гуфт, ки портали «Осорхонаи виртуалии Русия» фаъолияти Осорхонаи Русияро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ инъикос намуда, ба тамошобинон имкон медиҳад, ки ба коллексияҳои Осорхонаи Русия дастрасӣ пайдо намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram