РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

IRS: Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати нақлиёт барои мошинҳои боркаш муваққатан манъ гардидааст

Айни замон роҳи мошингарди Душанбе -Чаноқ кушода буда, ҳаракати нақлиёт, ба истиснои фура ва мошинҳои боркаши ядакдор таъмин аст. Дар ин бора аз Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде пас маҳдудияти барои фура ва мошинҳои боркаши ядакдори муваққатан ҷоришуда низ аз байн бардошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар километри 67 — уми роҳи Душанбе — Чаноқ тарма фаромада буд, ки 40 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт. Хамчунин дар километри 79- ум низ бо паҳноии 30 ва баландии 4 метр тарма фаромада буд. Аз ҷониби кормандони ширкат доир ба ҳолати мазкур ба таври фаврӣ тадбир андешида шуда, дар муддати кӯтоҳ тармаҳо бартараф гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram