РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба нашр расид

Дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло аз чоп баромад.

«Девони ғазал»-и шоир бо дастгирии бевоситаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси вилоти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таҳти назари Раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод ба табъ расидааст.

Китоби мазкур бо сифати баланд дар 360 саҳифаи мунаққаш ва ҷилди муҷаллову зебо интишор ёфта, аксари ғазалҳои то анҷоми соли 2022 навиштаи шоирро фаро гирифтааст.

Пешгуфтори Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ таҳти унвони «Дастовези ҷон» ба девон мазмуну ҳусни хосса бахшидааст.

Ба хонандагони арҷманди адабиёти муосир маълуму мусаллам аст, ки дар аксари шеъру манзумаҳо ва аз ҷумла ғазалиёти шоири ватандӯсту ватансаро Камол Насрулло дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, рӯҳияи худшиносиву Ваҳдати миллӣ ва сулҳу амнияти кишвар мавқеи хосса дошта, онҳо саршори муҳаббати Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошанд.

Таровати бардошту дақиқии баён, ифтихори ватандориву масъулияти суханварӣ ва мавқеи устувори инсонӣ риштаҳое зарринеанд, ки ба тори эҳсоси хонандагони соҳибзавқ гиреҳ хоҳанд хӯрд. Сухани шоири соҳибзавқ дар мавзӯъҳои куҳан тозагиву таровати хосса дошта, бо дақиқии баён, ҳадафҳои шоиста ва эҳсосоти баланди шоирона олами андешаҳои ӯро намои тоза бахшидааст.

Яке аз падидаҳои дурахшон дар девони мазкур садоқат ба миллату Ватан ва муҳаббату ифтихори баланди ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ намунаҳое аз чунин ашъорро аз китоби мазкур пешкаши хонандагон мегардонем:

ЧИСТ  НОМАТ?  ТОҶИКИСТОН!

Эй, ки мепурсӣ ту аз ман: Чист номат? – Тоҷикистон!
Аз ҳама волотарин ҳарфи каломат – Тоҷикистон!

Чист сўзат, чист созат, чист ишқат? – Тоҷикистон!
Чист дар чашми сурурафшон сиришкат? – Тоҷикистон!

Чист он унвони шоёну баландат? – Тоҷикистон!
Мансаби аз ҷумла мансаб арҷмандат? – Тоҷикистон!

Чист армони баланди рўзгорат? – Тоҷикистон!
Кист дар олам ягона ғамгусорат? – Тоҷикистон!

Обу нонат, обу нонат? – Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Дилбари ҷонони ҷонат? – Тоҷикистон! Тоҷикистон!

Вожаи ширинтарин андар забонат? – Тоҷикистон!
Давлати пояндаву ганҷи ниҳонат? – Тоҷикистон!

Охирин як коси оби ҳаётат? – Тоҷикистон!
Рўзи маргат, рўзи навмедӣ наҷотат? – Тоҷикистон!

Он, ки бо ў баъди маргат зинда монӣ? – Тоҷикистон!
Дар каронаш мерасӣ бар бекаронӣ? – Тоҷикистон!

Қиблае, ки мекунӣ сўяш ибодат? – Тоҷикистон!
Дар забонат охирин ҳарфи шаҳодат? – Тоҷикистон!

ВАТАНИ  ЗАРНИСОР

Бедор шав, дило, ки Ватан зарнисор шуд,
Дар чор фасл дил ватани навбаҳор шуд.

Он ҷо, ки ишқ тоҷи сару адл довар аст,
Он ҷо, ки халқ ҳомии номусу ор шуд.

Наврӯз пайки ишқ ба халқи ҷаҳон расонд,
Он ҷо, ки Меҳргони Ватан меҳрбор шуд.

Фархунда бод Ваҳдати миллат, ки миллате,
Охир ба ҳам расидаву хешу табор шуд.

Юсуф баромад аз ҷаҳи зиллат ба амри Ҳақ,
Рустам ба Рахши хештан аз нав савор шуд.

Рӯзе, ки дар Хуҷанд, ба рӯи кафи Худо,
Кохи шукӯҳи миллати мо пойдор шуд.

Фархунда Пешво, ки чу рамзи Ватан бихест,
Файзу сахо зи қомати некаш нисор шуд.

Уммеди нав расид ба мулки хуҷастагон,
Хоки куҳан зи нав Ватани эътибор шуд.

Вақте ки дасти меҳр расиду умеди хайр,
Дидӣ чӣ гуна он яки Меҳан ҳазор шуд.

Эҳёи нав муборакат, эй хоки файзбор,
Хуршед тоҷи тоҷики ҳимматгузор шуд.

ВАТАН  ДАР  ҶОН

Ватан – ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан – ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрўзи шабистони ману туст.

Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан ҷонона ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст.

Ватан он моми пир, он тифли маъсум,
Ватан дар рўи дастони ману туст.

Дили ў дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст…

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram