РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ғафур Муҳсинзода бо Гундо Велера малоқот намуд

9 январи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо мудири Раёсати дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо Гундо Велера вохурӣ намуд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Ҳадаф аз вохурӣ баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо унвон гардид.

Инчунин, зимни вохурӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории вазорат бо дафтари мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram