Аз субҳи барвақт дар масири Душанбе — Чаноқ бартарафсозии тармаҳо, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш шурӯъ гардида, кормандони Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаанд, то роҳи мазкур ҳарчӣ зудтар кушода шавад. Дар ин бора саҳифаи фейсбукии Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Директори филиали Ширкат Нодирҷон Сафаров ва дигар масъулин дар маконе, ки бориши барф пуршиддату тармафароӣ зиёд аст, қарор доранд.
Баъд аз шиносоӣ бо вазъи мавҷуда, Нодирҷон Сафаров ба масъулин супориши қатъӣ дод, то дар наздиктарин ҳаракати нақлиёти сабукравро таъмин намоянд.
Доир ба ҳолати роҳ иловатан маълумот хоҳем дод…