РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе операи «Рӯдакӣ» дар шакли нав пешниҳоди тамошобинон мегардад

Бори аввал дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ» дар шакли нав, бо ворид кардани қисматҳои қаблан буридашудаи муаллиф намоиш дода мешавад. Дар ин бора аз бахши матбуоти театр хабар доданд.

Бино ба гуфтаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, коргардони лоиҳаи мазкур Шавкат Халилзода, бисёре аз порчаҳои операи даврони шўравӣ ба варианти ниҳоӣ дохил карда нашуда буданд.
«Мо он порчаҳое, ки то ҳол барои тамошобинон намоиш надода будем, барои ифшои нақши таърихии Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик аҳамияти муҳим доранд, барқарор хоҳем кард», -таъкид кард Шавкат Халилзода.

Номбурда тазаккур дод, ки Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар бораи саҳми «падари шоирон» дар инкишофи забони тоҷикӣ, аҳамияти донистани забони модарӣ ҳамчун такягоҳи устувори маданияти миллӣ таъкид мекунанд, ки: «забони тоҷикӣ ифодагари арзишҳои маънавӣ ва инъикосгари ибратбахши рӯзгори мост»»,-иброз дошт коргардон.
Хотиррасон мекунем, ки нахустнамоиши операи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов ҳанӯз соли 1976 баргузор шуд (ҳарчанд кор дар либретторо хеле пештар аз он Сотим Улуғзода ва Сергей Севертс пешкаш карданд) ва он байни тамошобинон шуҳрати хоса пайдо намуда буд.

Директори театр Камолиддин Сайфиддинзода гуфт, ки «саъю кӯшиши ҳамкорони мо ҳоло ба навсозии намоиш ва аз нав пур кардани намоишномаҳои нави миллӣ равона карда шудааст, ки онҳо аз асарҳои воқеан бошукӯҳ иборатанд. Барқарорсозии асарҳои асри гузашта ва кор дар рӯи намоишномаҳои нав аз ҷумлаи онҳо мебошанд».

«Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, рисолати худшиносии шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, эстетикии одамон ба ходимони фарҳанг гузошта шудааст ва дар ҳар як ташаббуси созанда амалӣ намудани он рисолати муҳим аст», — илова кард Камолиддин Сайфиддинзода.

Лоиҳаи нави театрӣ пас аз қабули «Қонун дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» айни муддао буда, барои ташаккули симои маънавии ҳамватанон нақши босазо мегузорад.

Ҳунармандони театр ба муваффақияти намоишнома итминон дошта, умед доранд, ки лоиҳаи нав барои тамошобинони дохиливу хориҷӣ писанд хоҳад омад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram