РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Мушаррафаи Мирасрор китобхони беҳтарини вилояти Суғд дониста шуд

Мушаррафаи Мирасрор — хонандаи синфи 9-уми МТМУ № 14-и шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” аз рӯи категорияи синнусолии аз 14 то 18 сола бо гирифтани ҷойи аввал беҳтарин китобхони вилояти Суғд дониста шудааст. Дар ин бора Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар саҳифаи фейсбукии худ хабар додааст.

Бино ба иттилои ин марказ дар даври вилоятии озмун зиёда аз 40 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 3 бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, маънидодкунии ифоданокии шеър ё порчаи насрӣ ва шарҳи луғат аз рӯи ду категорияи синнусолӣ (аз 7 сола то 13 сола ва аз 14 то 18 сола) ширкат варзиданд.

Озмуни “Китобхони беҳтарин” рӯзи 9 январ дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ҷамъбаст гардидааст.

Гуфта мешавад озмуни “Китобхони беҳтарин” дар давраи таътили зимистона бо мақсади ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзои маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба адабиёт, китобхонӣ, китобдӯстӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалби онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ баргузор гардидааст.

Иштирокчиёни озмун бо Сипоснома ва ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

Озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» таи 5 сол аст, ки бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузор карда шуда, ҳамасола теъдоди иштирокчиён афзун мегардад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даври мактабӣ, шаҳриву- ноҳиявӣ ва вилоятии озмун беш аз 7 ҳазор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолона иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram