РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Норак: мураббиён усулҳои муосири таълиму тарбияи хурдсолонро меомӯзанд

Дар давраи таътили зимистона дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Норак машғулиятҳои омӯзишӣ ҷиҳати такмили донишу маҳорати мураббиён ва дигар кормандони кӯдакистонҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд..

Ба иттилои манбаъ, машғулиятҳои омӯзишӣ аз тарафи роҳбарияти муассисаҳои томактабӣ то анҷоми таътили зимистона, ҳаррӯза ташкил мегарданд. Дар онҳо мураббиёни таҷрибадору пешқадам ба дигар тарбиятгарони ҷавон дарс гуфта, ба онҳо усулҳои наву таъсирбахшро дар таълиму тарбияи хурдсолон меомӯзонанд.

Дар ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ мураббиёни ҷавон ҳамчунин корбарӣ бо дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро аз худ менамоянд.

Мурабиёни собиқадор дар машғулиятҳои омӯзишӣ иброз доштанд, ки хондани афсонаву ҳикоя ва ҷалби диққати хурдсолон аз тарбиятгарон дониш ва маҳорати баландро талаб мекунад.

«Мураббӣ бояд тавре фаъолияташро ба роҳ монад, ки кӯдак ҳар саҳар бо муҳаббат ва пазмонии зиёд ба сӯи боғчаи бачагона роҳ пеш гирад. Онҳо кӯшиш намоянд, ки ба дили ҳар кӯдак роҳ ёфта, ба дунёи рангину афсонавии онҳо ворид шаванд. Он гоҳ дар таълиму тарбияи кӯдакон муваффақ гардида метавонанд. Мураббия дар ҳаёти кӯдакон нақши муҳим дорад, зеро ташакулёбии шахсияти онҳо аз кӯдакистон оғоз мегардад», — таъкид намуд манбаъ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram