РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе филмномаҳои Шераки Ориён муаррифӣ гардид

17 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамои китоби филмномаҳои Шераки Ориён  рӯзноманигор адиб, сенариянависи синамо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аҳли илму адаб иштирок доштанд. Дар ифтитоҳи ин ҳамоиш Равшани Махсумзод муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳамоҳангии адибону нависандагон бо филноманигорӣ ёдовари намуда, аз чанде китобҳои Абдурофеъ Рабизода  ёдрас гардида иброз дошт, ки филномаҳояш дар фестивалу озмунҳои осиёиву байналхалқӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.

Бояд ёдовар шавем, ки филмномаҳои Абдурофеъ Рабизода  «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чил-меҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» -ро офаридааст.

Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон доир ба филмномаофариву пайдоиши жанри филномаофарӣ андешаҳои гуногун зикр гардид ва бо ҳамин ҳусни анҷом ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram