РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон дар марказ ва деҳоти як қатор шаҳру ноҳияҳо Парчами давлатии Тоҷикистон парафшон карда шудааст. Дар индомаи чунин тадбирҳо дар деҳоти Овчӣ-Қалъача низ майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад, ки барои сокинони ҷамоат мавзеи хуби истироҳатӣ хоҳад шуд.

Майдони Парчам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шуда, масоҳати майдон 0,25 га мебошад. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо сохта шуда, ҳудуди майдон ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон барои такмили лоиҳаи иншоот ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона аст ва барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои бунёди иншооти ёрирасон ва истифодаи самараноки заминҳои назди мактаб ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram