РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДДЗТ расман мақоми Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро гирифт

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 номи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти донишгоҳ хабар доданд.

«Барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин дастоварди таърихӣ, рӯйдоди муҳим ва иқдоми беназир аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ гардид. Роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани бинои замонавии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ин ташаббуси таърихӣ арзи сипос намуда, ваъда медиҳем, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳои беназир содиқонаву самимона фаъолият намуда, барои муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ саҳми шоиста мегузорем»,-иброз намуданд дар донишгоҳ.

Хотиррасон мекунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни донишкада ва аҳли маорифи пойтахт пас аз ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода пешниҳод намуда буданд, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иваз карда шавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram