РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имрӯз аз таъсисёбии радиои «Садои Душанбе» 24 сол сипарӣ шуд

Таъсиси Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ, насими умедбахш дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоии сокинони Тоҷикистон ва як воситаи дигар барои пур кардани фазои иттилоотии кишвар буд. Иқдоми наҷибро нависанда ва эҷодкори соҳибтаҷриба шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ-собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ба миён гузошт. Хушбахтона,  ин ташаббус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт. Ниҳоят, 18-уми  январи соли 1999 нахустин барномаҳои радиои «Садои Душанбе»  пешкаши шунаванда гардонида шуд.

      «Садои Душанбе» аз рӯи самт (формат)-и фаъолият  шабакаи иттилоотиву фароғатӣ буда, барномаҳо  асосан ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта, иду ҷашнҳои милливу таърихӣ, мавзӯъҳои рӯзмара ва воқеаву ҳодисаҳои нав нигаронида шудаанд. Ин шабака барномаҳои худро 24 соат (12 соат бо пахши такрорӣ) бо ду забон -тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва пешниҳоди шунаванда  мегардонад. Теъдоди барномаҳо  дар маҷмӯъ ба 47-адад мерасад, ки ҳамарӯза аз 8 то 10 барномаи асл садо медиҳад.

Дар партави “Солҳои рушди саноат 2022-2026” барномаҳои “Ҳадаф”, “Ҳамсадо”, “Нигоҳи рӯз”, “Суҳбат дар мавзуи рӯз”, “Дурнамо” ва “Тоҷикистон” омода ва пахш гардида истодаанд.

Омодагињо ба 35 солагии истиќлолияти давлатии ЉТ, раванди бунёди НБО “Роѓун”, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соњањои иќтисодию иљтимої ва ѓайра тавассути барномањои “Нигоњи рўз”, “Ҳадаф”, “Раҳовард”, “Суҳбат дар мавзӯи рӯз”, “Муждањои истиќлолият”, “Њамсадо” ва ѓайра инъикос ёфта истодаанд.

Чанд барномањои нав, аз љумла, “Хирмани роз”,“Амвоҷи ҳунар, “Этикет” “Дугонаҳо”, “Гиёҳнома”, “Асри дақиқ”, “ Ҳафт рӯзи Душанбе” ва “Соядаст” омодаву пахш гардиданд.

Радиои «Садои Душанбе» аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш масъулияти волоро дар таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангу тамаддун, баланд бардоштани ҳисси милливу худшиносӣ ва ғурури миллӣ дар тинати мардуми кишвар пайгирӣ карда, то кунун ин рисолатро идома дода истодааст. Ин аст, ки яке аз сершунавандатарин радио дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Далеи ин гуфтаҳо назарсанҷии соли 20182019 ва 2022 аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ  Машварати расонавӣ ва Маркази тадқиқоти сотсиологии Зеркало дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги кишвар, Радиои «Садои Душанбе» миёни тамоми радиоҳои кишвар мақоми аввалро касб карда буд.

Аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» пайгири сиёсати пешгирифтаи давлату Хукумат буда, дар тамоми мавзуоти муҳими ҷомеа барнома омода месозанд. Ин аст, ки сол то сол сифати барномаҳо  беҳтар гардида истодааст.

Феълан нерӯи кории радиои «Садои Душанбе»-ро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад, ки онҳо бо диди наву замонавӣ ва маҳорати баланди касбӣ барномаву гузориш омода месозанд. Ин рақобатпазир шудани шабакаро миёни дигар радиоҳои давлативу хусусӣ дучанд мекунад.

Бояд зикр кард, ки масъулини радиои «Садои Душанбе» барои минбаъд низ нақшаи кори худро тартиб дода, баҳри инъикоси масоили мубрами рӯз талош мекунанд. Шумо  “Садои Душанбе-ро рӯи мавҷи 102.2 FM метавонед  бишнавед.

Сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе»

Фирӯз Каримзода

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram