РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё қадрдонӣ гардид

Дар шаҳри Перми Федератсияи Россия Форуми кушодаи дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он шоираи тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад рӯзномаи «Кулябская правда».

Шоираи тоҷик, раиси бахши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Кӯлоб, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Армуғони сулҳ» Хосият Вализода барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ — гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши «Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо» қадрдонӣ шудааст.

Шоира Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эҷоду эъҷози нобаш тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.

Хосият Вализода 8 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонидар оилаи шоири халқӣ ва ҳофизи мардумӣ Саидалӣ Вализода ба дунё омадааст.


Ӯ факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст. То соли 1980 дар мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб омӯзгор ва аз соли 1980 директори хона-музеи С.Вализода буд.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи чандин маҷмӯаи ашъор, аз ҷумла «Идомаи роҳ», «Такягоҳи хуршед», «Саломи субҳ», «Вафодорӣ», «Зодгоҳи манн, Тоҷикистон», «Муҳаббати фаровон» мебошад,  бархе шеърҳояш ба забонҳои русӣ (дар маҷаллаи «Форум», 4, 2015), узбекӣ ва украинӣ тарҷума шудаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram