Дар Истанбул мизи мудаввари тиҷоратии Тоҷикистону Туркия доир шуд. Дар он беш аз 50 ширкати самоягузориву тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ба ҳам омаданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, нишасти корӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара дар ҳамкорӣ бо Шӯрои робитаҳои иқтисоди хориҷии Турия (DEIK) баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи ба намояндагони беш аз 50 ширкатҳои тоҷикию туркӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, байни соҳибкорони ду кишвар вохуриҳои В2В ва мубоҳисаҳои доманадор сурат гирифт.