РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Хуҷанд таҳти унвони «Паём — сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста» конференсияи илмию назариявӣ доир шуд

Дар конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Паём – сарчашмаи маърифат ва зиндагии шоиста», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, вобаста ба аҳамияти бузурги стратегии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дастовардҳо дар самту соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, рушду такомули фарҳангу маънавиёт ва амсоли инҳо ибрози назар карда шуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.

Конференсия бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд баргузор шуда, иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Паём ва масъалаҳои рушди устувори Тоҷикистон», «Паём – башорат ба фардои дурахшон», «Паём ва масъалаҳои маърифатнокии ҷомеа» маърӯза намуданд.

Аз ҷумлаи нуктаҳои муҳиме, ки дар суханрониҳо вобаста ба соҳаи маориф баён гардид, ин буд, ки шурӯъ аз 1 июли соли 2023 ба андозаи 20 фоиз баланд гардидани музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати такмили заминаҳои маърифатнокии баланди ҷомеа, таъмини рушди бонизоми соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон дар самти таълиму тадрис ба ҳисоб меравад.

Аз ҷумла, қабул гардидани «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» аз ҷумлаи тадбирҳои муҳиму саривақтиест, ки ба тарбия ва ба камол расонидани наслҳои бунёдкору созанда мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram