РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Робитаҳои илмӣ миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон тавсеа меёбанд

19 январ дар шаҳри Остона зимни мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов масъалаи тавсеаи робитаҳои илмии тадқиқоти стратегии ҳарду давлат баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии  ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Дар доираи сафар мавсуф бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов  ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳои илмии ин кишварро бо Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон арзишманд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ густариш меёбад.

Хайриддин Усмонзода вобаста ба мавқеъгирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин роҳҳои асосии тараққиёти инсоният дар давраи миёнамуҳлат суҳбат намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram