РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: иди Сада таҷлил карда мешавад

29 январ дар  Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар чорабинӣ  намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо,  олимону адибони мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар дошта шудааст.

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кишоварзӣ,  тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  иди Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯз навъҳои гуногуни дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо харидорӣ намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram