РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Қазоқистон муаррифӣ шуд

19 январи соли 2023 дар шаҳри Остона вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо раиси Идораи ҶС «Ширкати суғуртавӣ-содиротӣ «KazakhExport» Аслан Калигазин баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои содиротӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуда, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, сохтмон инчунин логистика баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram