Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои олам, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамкориҳои судмандро вобаста ба табодули таҷрибаи табибони мамлакат бо ҳамтоёни хориҷии хеш дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо як қатор кишварҳо ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади таҷрибаомузӣ оид ба табобати бемориҳои сӯхтагӣ дар заминаи Беморхонаи Бестияни шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Бестияни Ҷумҳурии Корея аз 28 сентябри соли 2022 ду нафар табиби кишвар, Нозимов Абубакр Абдулхайрович, духтур-комбустиологи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №3”-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Шоҳруз, табиб, ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент аз 14 ноябри соли 2022 то 28 январи соли 2023 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафарбар карда шуданд.
Дар доираи сафари хеш номбурдагон дар Беморхонаи Бестияни шаҳри мазкур вобаста ба усулҳои нави табобати бемориҳои сӯхтагӣ бо ҳамкасбони хеш аз ин беморхона табодули таҷриба намуданд.