РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Турсунзода: ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд

Дар шаҳри Турсунзода бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса иди Сада таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи идона маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон ва дигар дастовардҳои кишоварзони шаҳр пешниҳоди сокинон карда шуданд.

Мардум бо рӯҳияи баланди идона аз ҷашни Сада истиқбол гирифтанд, то пайки ин ҷашни ориёӣ мададгори кишоварзон шуда, ба рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмўъ, ободкорӣ мусоидат намояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

Аз таҷлили бошукӯҳи Сада дар шаҳри Турсунзода бармеояд, ки суннатҳои ин ҷашни ниёгони мо ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъанаи неки мардум даромадааст ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram