РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон мулоқот намуданд

23 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Биловал Бҳутто Зардарӣвохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни сӯҳбат вазирон атрофи масъалаҳои дуҷониба ва минтақавӣ, инчунин татбиқи мувофиқаҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 14-15 декабри соли 2022 бадастомада ибрози андеша намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram