РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: Бахшида ба Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат» ҳамоиш баргузор шуд

23 январ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба омодагии даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат», ки таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ҳамоиши илмӣ – оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгорҳи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар оғоз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оид ба муҳиммияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғолибияти дастаи донишҷӯёни донишгоҳ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат», ки василаи муносиби варақгардон намудани саҳифаҳои таърих аст, хотираи таърихии моро таҳким мебахшад ва бо омӯзишу таҷриба гирифтан аз гузаштаи рӯзгор моро ба ҳамбастагиву саҳим будан дар рушди бардавоми Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамун месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хуб «Тоҷикон дар оинаи таърих» хелу мушикофона изҳор доштаанд, ки «Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».

Зимнан таъкид шуд, ки мо таърихро барои он меомӯзем, ки дар муборизаҳои шадиди иттилоотӣ онро ҳамчун сипар истифода барем. Китоби «Тоҷикон»–и академик Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷода маъхази бебаҳост ва Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» –оинаи таърихи миллат» дар ин масир чароғи раҳнамоест, ки моро ба уфуқҳои илми таърих ва моҳияти омӯзиши он шинос мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон» –ро бесабаб шиносномаи миллат ва хидмати аллома Бобоҷон Ғафуровро хидмати рустамона тавсиф накардаанд.

Дар идома гуфта шуд, ки аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳаводорони зиёде аз ҳисоби доншҷӯёни устодони риштаҳои гуногун ҳавасмандии худро ҷиҳати иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» изҳор доштанд, ки воқеан, пешсаф будани ДМТ-ро дар амалӣ намудани ҳадафҳои давлату ҳукумат, махсусан иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад.

«Дар маҷмӯъ аз ДМТ дар даври аввали Озмун (факултетивӣ) 610 нафар донишҷӯёну магистрон иштирок намуданд. Аз ин шумора дар даври 2-юми Озмун 15 нафар роҳ ёфтанд, ки ин боиси қанотмандӣ аст. Аз ҳисоби омӯзгорон бошад аз ҳамаи факултетҳо то раёсати донишгоҳ 110 нафар иштирок менамоянд”- гуфта шуд дар нишаст.

Дар идомаи ҳамоиш Шарифов Раҳмоналӣ — доктори илмҳои таърих, профессор, декани факултети таърихи донишгоҳ ва Ҷонибек Асрориён-номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ (аъзои комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат») дар робита ба талаботи низомномаи озмун ва тартиботи ҷойдоштаи он суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки устодону донишҷӯёне, ки хоҳиши иштирок кардан дар даври донишгоҳии озмунро доранд, мутасаддиён омодаанд, ки номнавис ва ба даври навбатӣ пешниҳод кунанд.

Ректори донишгоҳ зимнан таъкид доштанд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони Донишгоҳ, ки бевосита дар Озмун иштирок менамоянд ва ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд, ҳамзамон устодоне, ки дар ин озмун шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram