РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯшон: Калонтарин гармхонаро ба истифода медиҳанд

Моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Рӯшон калонтарин гармхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳамдам Давлатмамадов бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати шиносоӣ аз рафти сохтмони гармхонаи мазкур ва раванди корҳои бунёдӣ дар биноҳои ҷашнӣ раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода аз ноҳияи Рӯшон боздид намудаанд.

Дар Рӯшон сокинон ба бунёд намудани гармхонаҳо шуғл пайдо намуда, рӯз аз рӯз дар ноҳия теъдоди гармхонаҳо зиёд мешаванд. Корҳои сохмтонӣ дар калонтарин гармхона аз моҳи октябри соли 2022 шуруъ гардида, тибқи нақша моҳи феврали соли равон ба анҷом мерасанд. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлкунии гармхона 24 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд,- меафзояд манбаъ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram