РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон мулоқот намуданд

24 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории 26-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо дар мавриди дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram