РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш баргузор шуд

25 январи соли 2023 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиши расмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш раиси Федератсияии иттифоқҳои касаби мустақили Тоҷикистон Неъматзода М., муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Акрамов А., кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат иштирок намуданд.

Ҳозиринро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шодбош гуфта, қайд намуд, ки соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки таърихи тулонӣ доранд, дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду такомул ёфт.

Вазифаҳое, ки имрӯз ба зиммаи вазорат вогузор шудаанд, масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, татбиқи онҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии таъсиррасон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошанд. Ин аст, ки соҳаи мазкур пайваста зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 23 декабри соли 2022 зикр гардид, “Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст”.

Бо ин мақсад барои таъмини аҳолӣ бо шуғли муносиб ҳамчун ҳадафи стратегии мамлакат соли 2022 Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040 аз ҷониби вазорат таҳия ва пешниҳод гардида, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Айни замон таҳияи лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул идома дорад.

Ҳамзамон, дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ як қатор чорабиниҳои фаъол амалӣ гардида истодаанд. Ҳамасола қариб 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, ба касбомӯзии аҳолии бекор, бахусус занону ҷавонон афзалият дода шудааст.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорат барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, ба монанди ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба шуғл фаро гирифтани занону ҷавонон корҳои зиёдеро бояд ба анҷом расонад.

Ин пеш аз ҳама тақвияти назорати таъмини шароити меҳнати кормандон ва риояи ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон дар муносибатҳои меҳнатӣ, тавсеаи мушоракати иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини субботи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ Раиси Федератсияии иттифоқҳои касаби мустақили Тоҷикистон Неъматзода М. ва муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон Акрамов А. доир ба таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сухан ронда, ҳозиринро бо Рӯзи иди касбӣ табрик намуданд.

Дар анҷом бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва комёбиҳои хизматӣ як қатор кормандон бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram