27 январ соати 15:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ошёнаи 2)) маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод» баргузор мегардад, ки дар он қолаби ғазали замони муосир баррасӣ мешавад. Дар ин бора шоир Толиб Луқмон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Ба иттилоим анбаъ, «нишасти аввали ин маҳфил ба пуристифодатарин қолаби шеъри имрӯзи мо – ғазал ихтисос меёбад ва дар он ҳамаи шоирону алоқамандони шеър озодона метавонанд иштирок кунанду ғазал бихонанд, дар атрофи ғазали замони мо суҳбат кунанд ва назари дигаронро дар бораи ғазалҳояшон бишнаванд».
Ҳамчунин, дар оғози маҳфил ғазалхонии як гурӯҳ шоирони муваффақу шинохтаи ғазалсароямон дар назар аст. Мулоҳизаронии мунаққидон низ перомуни ғазалҳое, ки хонда мешаванд, аз бахшҳои ҷолиби маҳфил хоҳад буд.