РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тобишҳои маъноӣ-услубии номвожаҳо дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин  Айнӣ

Дар офаридани осори бадеӣ забон мақоми асосӣ дорад, ки онро забони адабиёти бадеӣ меноманд. Забони адабиёти бадеӣ воситаи асосии тасвири ҳаёт аз тарафи нависанда аст. Агар дар санъати мусиқӣ воситаи муҳимми тасвир оҳанг, садо, овоз бошад, воситаи асосии санъати тасвирӣ ранг дониста мешавад. Ба ҳамин қиёс дар адабиёти бадеӣ воситаи муҳимми тасвир забон аст, ки бо он нависанда образҳои бадеии худ, тасвири бадеии воқеаю ҳодисоти зиндагиро ба вуҷуд меорад, афкор ва эҳсосоти қалби худро баён менамояд. Тамоми санъатҳои лафзию маънавӣ низ ба воситаи забон ифода мешаванд.

Мо тасмим гирифтем дар ин мақола тобишҳои маъноӣ-услубии номвожаҳои «Ёддоштҳо»-и устод С.Айниро мавриди баррасӣ қарор бидиҳем. «Ёддоштҳо»-и устод С.Айнӣ яке аз асарҳои тарҷумаиҳолӣ буда, фарогири ҳаводису воқеоти гуногуни охири асри XIX ва ибтидои асри XX халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар инъикоси ин ҳодисаҳо номвожаҳо дар шакли гуногун, чун лақаб, тахаллус, ифодаи номи мадраса, кӯча, гузар ва амсоли инҳо зикр гардидаанд. Номвожаҳои асари «Ёддоштҳо»-и устод С.Айниро аз нигоҳи доираи истифодаи услубӣ-луғавӣ ба чунин зергурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст: а) мавқеи номвожаҳо дар манзарасозӣ; б) мавқеи номвожаҳо дар портретсозӣ; в) мавқеи номвожаҳо дар инъикоси ҳаводиси гуногуни таърихӣ; г) мавқеи номвожаҳо дар шарҳу тафсири вожагони маишӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ; ғ) корбурди номвожаҳо дар инъикоси ҳаёти кишоварзӣ; ғ) бо номвожаҳо ифодаёбии муассисаҳои таълимӣ, нукоти маскунӣ; д) номвожаҳои ифодагари эргонимҳо.

а) Мавқеи номвожаҳо дар манзарасозӣ. Манзарасозӣ ё пейзаж дар асари бадеӣ мақоми баланд дошта, вобаста ба нияти эҷодии нависанда вазифаҳои гуногуни услубӣ, ғоявӣ ва эстетикиро ба ҷо меорад. Нависанда ба воситаи пейзаж манзараҳо, воқеаҳо ва рафтору кирдори одамонро барҷаста ва пуртаъсир тасвир менамояд. Манзарасозӣ ё пейзаж аҳамияти эстетикӣ-тарбиявӣ дошта, ба асари бадеӣ латофат, самимият, ҷозиба ва таъсири хос мебахшад.

Дар асари мавриди таҳқиқ чунин номвожаҳоро дучор шудем, ки дар инъикоси манзараи табиат нақши калидӣ доранд, яъне онҳо чун меҳвар дар матн қарор гирифта, дар пояи онҳо адиб роҷеъ ба манзараи он, рӯйдоди ҳодисаву воқеа баёни андеша кардааст: Абдуллохон (мадраса) [Қ. 3, С. 70 (2), 71] , Азизобод (деҳа) [Қ. 3, С. 35], Ашӯрихона (чорбоғ) [Қ.2, С. 298], Бобои Нонкаш (гузар) [Қ. 3, С. 120], Боғи Афзал (деҳа) [Қ.1, С. 36; Қ.2: 254], Бозори Хӯҷа (гузар) [Қ. 1, С. 138; Қ. 2, С. 267], Воқеаи Колесов [Қ.3, С. 23; Қ. 4, 462, 480], Гузари Мирзо Ғафур [Қ. 2, С. 291; Қ. 4, 516, 519], Дарвозаи Имом [Қ. 2, С. 291, 298(2), 302(3), 304, Қ. 4, 516, 519], Деҳнави Абдуллоҷон (Деҳнав) [Қ. 1, С. 9, 10, 36, 76; Қ. 2, 247, 255; Қ.3: 35, 103] ва ғ.

Дар «Ёддоштҳо» устод С.Айнӣ номвожаҳои марбут ба шахс ва ғайришахсро барои таъсирбахш гардидани ҳодисаву воқеаҳои асар ва манзарасозӣ хеле нозукона ва бомаврид корбаст намуда, арзиши бадеӣ ва таърихии асарро дучанд гардондааст.

б) Мавқеи номвожаҳо дар портретсозӣ. Портрет дар асари бадеӣ хусусият, мавқеъ ва вазифаҳои гуногунро доро буда, ягон сифати асосӣ ё тасвири муфассалу ҳаматарафаи зоҳири персонажро дар бар гирифта метавонад: Қарабек дар аввали соли вабо бинобар «кордониаш» тараққӣ карда, дар райони Зиёуддин, ки райони ғӯзакорӣ ва шоликорӣ буд, амлокдор таъин шуд. Аммо ҳанӯз мардум дар иморати ӯ бемузд ва маҷбурӣ кор мекарданд ва ин корро мувофиқи таълимоти ӯ амлокдори Ғиждувон, ки ба ҷойи ӯ таъин шуда буд, идора менамуд. Номвожаи Зиёуддин дар асар чун ифодагари номи район (русӣ) ё ноҳия (арабӣ, ҳудуди маъмурӣ) дар қисми якуми асар (1 маротиба) ва дар қисми чоруми асар низ (1 маротиба дар саҳифаи 647) мавриди корбурд қарор гирифта, муаллиф роҷеъ фаъолияти кишоварзӣ дар ин гузар маълумот медиҳад.

Номвожаи Бозори Хӯҷа дар асар чун ифодагари номи гузар дар қисми якуми асар (1 маротиба) ва дар қисми дувуми асар (1 маротиба) мавриди корбурд қарор гирифта, муаллиф роҷеъ ба зиндагии иҷорашинони толибилмони замонаш дар ин гузар маълумот медиҳад:

Номвожаи Қадамгоҳи Шоҳимардон–Муртазоалӣ (зиёратгоҳ) дар асар чун ифодагари номи зиёратгоҳ дар қисми сеюми асар (1 маротиба) мавриди корбурд қарор гирифта, муаллиф роҷеъ ба сафари худ ва ҳангоми сафар рӯ ба рӯ шудан бо ҳокими вилоят маълумот медиҳад: Хешатон монанди шумо одами ростқавл набудааст, – гуфт ӯ, – вай одами дарундор, бадтинат, сиёҳботин будааст. Ману ӯ, ду дӯстон, ба Чорҷӯй сафар кардем. Дар он ҷо баъд аз зиёрати «қадамгоҳи Шоҳимардон – Муртазоалӣ» дар бораи ба пеши ҳокими вилоят даромадан дар миёнаи худ дӯстона қарор додем (чунки муллоҳо ба ҳар вилоят бо кадом баҳона ки раванд, ҳокими он ҷоро надида намегарданд ва ҳоким ҳам ба онҳо харҷи роҳ ва ҳадяҳои дигар медиҳад).

в) Мавқеи номвожаҳо дар инъикоси ҳаводиси гуногуни таърихӣ. Асари «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ фарогири воқеаву ҳаводиси мухталифи охири асри XIX ва ибтидои асри XX халқи тоҷик дар аморати Бухоро маҳсуб ёфта, дар инъикоси он ҷойному антропонимҳо нақши муайяну созгорро дороянд.

Манзараву сужаи асари «Ёддоштҳо»-ро, ки дар офаридани онҳо ҷойномҳо ва антропонимҳо ифода ёфтаанд, аз нигоҳи мазмуну мундариҷа ба чунин зергурӯҳҳо тақсим намудан мумкин аст: а) мавқеи номвожаҳо дар шарҳу тафсири вожагони маишӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ: …ин кафшро русҳо надӯхтаанд, балки тоторҳои Қазон дӯхтаанд… [227]. Вожаи Қазон дар туркӣ «дег»-ро гӯянд. Релефи ҷойгиршавии шаҳри Қазон хамзамин аст ва шабоҳатан қазон гузоштаанд; б) корбурди номвожаҳо дар инъикоси ҳаёти кишоварзӣ. Номвожаҳое мавҷуданд, ки бар ифодаи номи майдон, бозорҳои шаҳр меоянд ва онҳоро дар ном- шиносӣ бахши агронимия фаро мегирад ва ин мафҳум ва аз ҷузъҳои аgro (ю.) – «замин» ва onim (ю.) – ном таркиб ёфта, маънои майдони ба замин иртиботдоштаи шаҳрро баррасӣ менамояд. Дар асари мавриди баррасӣ чунин номвожаҳо ё агронимҳоро нависанда барои инъикоси ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ ва ҷаззоб баромадани тасвир корбаст кардааст: Сари Пули Эшон [129], Регистон [140, 212, 267(2), 269 (4), 270(3), 271, 272(4), 273, 277(3), 278(3), 279, 284, 285(2), 287, 288, 291, 292(2), 304, 305, 306] , Таги Шӯр (қассобхона) [267], Бозори Нав, бозори Хӯҷа, сари бозори Ғозиён [267], Майдони Машқи Сарбоз [291, 296, 298], Саройи Таги Пушта (сарой) [294, 295], Растаи Наддофӣ [304]: Дар наздикии деҳаи мо Сари Пули Эшон ном бозорчае буд, ки аз хонаи мо ду километр дур дошт [129]…. танҳо як бор Регистон ва масҷиди Болои Ҳавзро дидам [140]. Яке аз онҳо қассобии Таги Шӯр аст, ки аз сад дӯкон зиёдтар дорад [267]. Ғайр аз инҳо дар бозори Нав, бозори Хӯҷа, сари бозори Ғозиён ва дар дигар бозорчаҳо ва чорбаққолиҳо қассобон ҳастанд [267].

г) Номвожаҳои ифодагари муассисаҳои таълимӣ ва нукоти маскунӣ. Антропонимҳо ё номвожаҳо дар ташаккули номи муассисаҳои таълимӣ, нукоти маскунӣ ва ҷойгоҳи маърифатӣ нақш муайян доранд, ки дар «Ёддоштҳо» устод С. Айнӣ онҳоро бо як маҳорати баланди нависандагӣ мавриди корбурд барои инъикоси сужаи асар истифода кардааст. Деҳнави Абдуллоҷон (Деҳнав): … аз ҷануб ба шимол рост ба деҳаи Деҳнави Абдуллоҷон меравад [35, 103]; Сари Пули Эшон (бозор): … ва баъд аз он аз Сари Пули Эшон Зарафшонро гузашта, … ба хонаи худ бармегашт [35]; Ҷаъфархоҷа (мадраса): … аз дарбори амир канора гирифтани Аҳмад-махдум ба ӯ ба тарзи пенсия китобхонадории мадрасаи Ҷаъфархоҷа дода шуд [27, 54, 108]; Хоҷа Аспгардон (гузар): Қорӣ Неъмат дар гузари Хоҷа Аспгардони Бухоро ҳавлӣ дошт… [37]; Олимҷон (мадраса, сарой):Акаам дар он вақтҳо дар Мадрасаи Олимҷон, ки ба ҳавлии Шарифҷон-Махдум наздик буд, бо додарам истиқомат мекард [44(3), 45(3)]; Хоҷа Булғор (гузар): Бинобар ин домулло (Домулло Икромча – И.С.) дар ҳавлии худ, дар гузари Хоҷа Булғори Бухоро дарс мегуфт [54];

Ҳамин тавр, аз баррасии чандин номи гузару маҳаллаҳое, ки дар асар корбурд ёфтанд, ба чунин андеша омадан лозим аст, ки муаллифи асар номи ин унсурҳои топонимиро барои инъикоси ҳодисаву воқеаҳои муҳимми зиндагии хеш бо лаҳзаҳои фаромӯшнашуданӣ корбаст намуда- аст.

ғ) Бояд гуфт, ки ба қатори ҷойномҳои ифодагари ҷузъҳои шаҳрӣ эргонимҳо низ шомиланд, ки як бахши ҷудонашавандаи нукоти маску- нии аҳолӣ (ойконимия) маҳсуб ёфта, маҷмӯи номи гурӯҳи одамонеро фаро мегиранд, ки дар бунёд ё шаклгирии ин ё он муассиса, иттиҳод, ширкат, корхона, саҳҳомия, маҳфил ва амсоли инҳо дар ҳудуди шаҳр нақш доранд. Ин истилоҳи топонимӣ мансуби забони юнонӣ буда, аз ҷузъҳои ergo – «меҳнат», «кор», «заҳмат», «фаъолият» ва onimiy – ном таркиб ёфта, маҷмӯйи номи муассисаву корхонаҳо, заводу фабрикаҳоро ифода мекунад: Мири Араб [9, 133(3), 134, 136(2), 138; Қ.2:189(2), 192,193, 195, 196(3), 196(3), 197, 199(2), 210, 224, 226(2), 227, 228, 229(2), 233, 236, 239, 241, 265(2), 267, 278, 279; Қ.3: С. 24, 40(2), 57, 58(2), 98, 99; Қ.4: 464, 565, 572, 573, 578, 586, 601, 626]: … вақфи мадрасаи Мири Араб буданд [133]. Чӯбин – (мадраса): … он девор ин қитъаро аз роҳи калони мадрасаи Чӯбин … ҷудо мекард [107]. Масҷиди Калон [133, 137, 279, 306]: Маълум шуд, ки дар он ҷо-дар байни саҳни мадрасаи Мири Араб ва Масҷиди Калон чавкӣ (базми умумии подшоҳӣ) барпо шуда будааст [133]. Болои Ҳавз [140, 212(2), 267, 270, 278, 279]: … масҷиди Болои Ҳавзро дидам, чунки худам ба танҳоӣ ҷоеро намедонистам [140]. Фатҳулло қушбегӣ (мадраса): … ӯ (Мулло Деҳқон – И.С.) аз мадрасаи Фатҳулло қушбегӣ, ки ба ҷойи мо наздик буд, як ҳуҷра ёфта буд ва дар он ҷо дарсгӯӣ мекард [140]. Мадрасаи Ҷаъфархоҷа: Ҳатто ҳуҷраҳои мадрасаи Ҷаъфархоҷа, ки чӯбин буда, рафта-рафта хароб шуда, қобилияти бошишгоҳии худро тамоман барҳам дода буд [178].

Ҳамин тавр, аз баррасии чандин номи эргонимҳо дар асар ба чунин андеша омадан лозим аст, ки муаллифи асар номи ин эргонимҳоро барои инъикоси ҳодисаву воқеаҳои замони худ корбаст намудааст.

д) Гузашта аз ин ба қатори ҷойномҳои ифодагари ҷузъҳои шаҳрӣ хрематонимҳо низ мансубанд, ки навъе аз прагматонимҳо буда, номи чиз ё ашёи фарҳанги моддӣ, ки бо дасти инсон сохташуда буда, барои ифодаи номи истироҳатгоҳ, асбоби мусиқӣ, санги қимматбаҳо, меҳмон- хонаҳо ва монанди инҳо меояд. Ин вожагон аз забони юнонӣ буда, аз ҷузъҳои xrematās – чиз, ашё ва ānim – ном таркиб ёфтааст. Дар асари мавриди баррасӣ қарор гирифта хрематоними Раҳимхониро (меҳмон- хона) нависанда барои инъикоси ҳодисаю воқеаи таърихӣ ва воқеи баро- мадани тасвир корбаст кардааст: Баъзеи онҳо (заввораҳо (зиёрат- кунандаҳо)-и амири Бухоро – И.С.) салавотхон буданд, ки ҳар рӯз вақти пешин ба арки подшоҳӣ баромада, дар меҳмонхонаи «Раҳимхонӣ» …салавот хонда… [196]. Нависанда «салавотхонӣ» гуфта, дурудхонаро дар назар дорад, ки аз ҷониби уммати солеҳ, хосатан машоих ба руҳи паямбар (с) фиристода мешавад.

е)Бахши хоронимия низ як бахши ҷудонашавандаи нукоти маскунӣ маҳсуб ёфта, номи ҳудудҳо, вилоятҳо, ноҳияҳо, воҳидҳои ҳудудию маъмурӣ ва хоҷагию маъмурӣ ё табиию ҷуғрофӣ, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб, вилояти Хатлон, ноҳияи Ғончӣ, ноҳияи Панҷ ва амсоли инҳоро ифода мекунад. Ин вожа юнонӣ буда, аз ҷузъҳои xoros – «кишвар», «мамлакат» ва onim – ном таркиб ёфтааст. Дар «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ чунин хоронимҳоро нависанда барои инъикоси ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ ва ҷаззоб баромадани тасвир истифода кардааст: Россия (Русия) [164(3); 178, 181, 229], Ҳиндустон [66, 194, 195], Осиёи Миёна [175, 181, 216], Қазон [227, 229], Доғистон [272], Кавкази Шимолӣ [272]. Чанд мисол аз асари «Ёддоштҳо»: … баъд аз сулҳи байни амир ва подшоҳи Россия расман ин қоида барқарор бошад ҳам, амир Музаффар … [164]. Биноҳои мадрасаҳои Бухоро монанди мадрасаҳои дигар қисми Осиёи Миёна дуошёна ва баъзан якошёна буда … [175]. … ин кафшро русҳо надӯхтаанд, балки тоторҳои Қазон дӯхтаанд [227(5)]. … дӯхти либосҳошон умуман ба шакли либосҳои мардуми Доғистон ва Кавкази Шимолӣбуд [272].

Хулоса, ин навъи ҷойномҳои асари «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ инъикосгари тарзи зисту зиндагонӣ, машғулиятҳои мардум, урфу одат ва анъанаҳои мардуми яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна, собиқ пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухоро, ки воқеаҳои асосии асари мазкури устод С. Айнӣ дар ҳамин шаҳр гузаштааст, ба ҳисоб рафта, омӯзиши онҳо барои бахшҳои дигари илм, аз ҷумла таъриху мардумшиносӣ ва адабиёти шифоҳию фарҳангшиносӣ ва амсоли инҳо аҳамияти бузургро молик аст ва метавон тавассути онҳо баъзе суннату анъанаи мардумии минтақаро мушаххас намуд.

Дар «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ антропонимҳо хеле зиёд буда, ҷиҳати инъикоси ин ё он ҳодиса, воқеа, манзара, портретсозӣ, чеҳраи илму фарҳанг, арбоби сиёсӣ, аҳли тақво ва монанди инҳо номи онҳо оварда мешаванд ва ин унвонҳоро вобаста ба дараҷаи корбурдашон метавон ба чанд зергурӯҳ ҷудо намуд:

а) номи шоирону адибон: Шайх Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулвоҳиди Садри Сарир, Бобо Соиб, Соиби Исфаҳонӣ, Шарифҷон-Махдум, Садри Зиё, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмад-Махдуми Дониш, Хоҷа Ӯбон, Хусрави Деҳлавӣ, Аҳмади Калла ва ғайра;

б) номи одамони ҳунарманд: Усто Барот, Лутфулло-Гӯппон, Устодӯстбои Каландгар, Қорӣ Ибод, Ботурбои Рангрез, Рустами Ашкӣ, Мулло Муҳиддини Лаввоҳ, Муроди Пахтакаш, Насими Хархӯр, Мулло Назруллои Саҳҳофи Лутфӣ ва ғайра;

в) номи одамоне, ки бо нишондоди вожаи арабии (сиғаи муболиға, иззату эҳтиром) шакли тағйирёфтаи Мавлоно, Мавлобуд, далолат ба шахси фозилу доно, олим ва таълимдиҳанда мекунад) мулло шакл гирифтаанд: Мулло Деҳқон, Мулло Бобоҷон, Мулло Ҳамроҳ, Мулло Абдулвоҳид, Мулло Собит, Мулло Наврӯз, Мулло Исомиддин, Мулло Абдулғафури Лорӣ, Мулло Қосим, Мулло Бозор, Мулло Авез, Мулло Ҳомид, Мулло Абдулҳаким, Мулло Туроб, Мулло Қамар, Мулло Баҳром, Мулло Шоҳ, Мулло Раҳмат, Мулло Оқил, Мулло Бурҳон ва ғайра;

г) номи одамон барои ифодаи маҳал: Деҳнави Абдуллоҷон, Боғи Афзал, Мазори Баҳоуддини Нақшбанд, Мазори Хоҷа Исҳоқи Калободӣ, Мадрасаи Мирзо Улуғбек, Дарвозаи Имом, Гузари Мирзо Ғафур, Чорбоғи Ашӯрихона ва ғайра.

ғ) номи маҳал барои ифодаи тахаллуси адибон: Саъдии Шерозӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мазори Хоҷа Исҳоқи Калободӣ, Амир Абдуллоҳи Яманӣ, Нурбои Варғонзегӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва ғайра.

д) номи осори адабӣ, илмӣ ва бадеӣ, ки дар ономастика бо унвони библионимҳо ёд мешавад ва библионимҳо як навъи идеонимҳо буда, маҷмуи номи осори бадеӣ, илмӣ ва таърихии дар қолаби ибора шакл- гирифтаро фаро мегирад: «Деви Ҳафтсар», «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр», «Аҳмади девбанд», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Шарҳи Мулло», «Ҳошияи Қутбӣ», «Ақоиди Насафӣ», «Ҳикмат-ул-айн», «Мулло Ҷалол», «Шарҳи Мулло Ҷомӣ», «Нисоб-ус-сибиён», «Хоҷа Ҳофиз», «Ҷаллодони Бухоро», «Таҳзиб-ус-сибён», «Аввали илм», «Бидон», «Муиззӣ», «Занҷонӣ», «Қофия», «Шамсия», «Ҳошияи Қутбӣ», «Ақоиди Насафӣ», «Тазҳиб», «Ҳикматулайн» ва ғайра.

е) номи рӯзномаву маҷаллаҳо ё ҳемеронимҳо. Ҳемероним навъи идеонимҳо буда, номи нашрияҳои матбуоти даврӣ, аз ҷумла рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳои иттилоотиро ифода мекунад. Ин истилоҳ аз забони юнонӣ шакл гирифта, аз ҷузъҳои hemer – «рӯз», «шабонарӯз» ва onim – ном таркиб ёфтааст. Дар асар мансуби ин зергурӯҳ инҳоянд: «Бухорои шариф», «Тарҷумон» ва ғайра.

Ҳамин тавр, номҳои ашхос ё ба истилоҳ антропонимҳо дар шаклгирии номвожаву ҷойномҳои мазкур ширкати фаъол дошта, дар аксар маврид мансубияти гузар, замин, дӯкон, раста ва дигар нишон- додҳоро ба ин ё он шахс нишон медиҳанд ва дар асар инъикосгари тарзи зисту зиндагонӣ, машғулиятҳои мардум, урфу одат ва анъанаҳои мар- думи шаҳри Бухоро, ки воқеаҳои асосии ин асар дар ҳамин шаҳр гузаштааст, ба ҳисоб рафта, омӯзиши онҳо барои бахшҳои дигари илм, аз ҷумла таъриху этнография ва ғайра аҳамияти бузургро молик аст ва метавон тавассути онҳо баъзе суннату анъанаи мардумии минтақаро мушаххас намуд. Номҳои ҷуғрофии бо номи одамон ифодашаванда ва номи ашхос дар асари мавриди таҳқиқ қарор гирифта ҷанбаи таърихӣ ва ҷуғрофии асарро чандин маротиба афзун сохта, муҳтавои онро хонданбоб кардаанд.

Имамбердиева Саломат, муаллими

калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти

тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram