25-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун Раҳим Саидзода- вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода- муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳоитобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ намуда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” ғолиби даври ниҳоиро эълон намуданд.
Ҳаминтариқ, Қодирзода Озодамо Њикматулло — мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ дар рафти озмун маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва мукофотпулӣ ба миқдори 5 000 сомонӣ дониста шуд.
Ҳамчунин, ҳамаи довталабон барои иштироки фаъолона дар озмун бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, сертификат ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 23-юми январ оғоз шуда, дар давоми се рӯз иштирокчиён аз руйи шаш шарт маҳорати худро санҷиданд.