РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ибодзода Хайрулло бо муовини якуми раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир жоли» мулоқот намуд

25 январи соли 2023 дар шаҳри Остона вохӯрии cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Ибодзода Хайрулло бо муовини якуми раиси ҶСК «Ширкати миллии Қазоқистон Темир Жоли» Алмаганбетов Канат Есмуханович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба боркашонӣ ва ҳамлу нақл миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram