РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ОЙИНҲОИ ҶАШНИ САДАРО ЭҲЁ ВА ҲИФЗ НАМОЕМ

Сада пеш аз фарорасии Наврўз бузургтарин ҷашни суннатии тоҷикон мебошад, ки пас аз анҷомёбии чиллаи калон таҷлил мегардад. Сада бошукўҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан ва аз бузургтарин кашфиёти инсоният-оташ мебошад.

Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мо ба кунҷи фаромушӣ рафта, ба таври шоиста қайд намегардид. Маҳз дар замони истиқлол бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид ва имрўз дар тамоми манотиқи мамлакат таҷлил мешавад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун аст. Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» — чунин омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рўзи даҳуми моҳи баҳман бошад», бинобар   маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз «Зайн-ул-ахбор»), ки сабаби Сада ном ниҳодани ҷашнро «миёни ин рўз ва миёни Наврўз сад шабонарўз бувад, яъне 50-рўзу 50-шаб».

Ҳамчунин, таърихнигорон ва олимони пешин, ба монанди Абўрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор», Ибни Миска-вайҳ дар «Таҷриб-ул-умум» дар бораи таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардаанд. Ҳаким Фирдавсии Тўсӣ дар достони «Ҳушанг» боби хоссаеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада», эҷод кардааст. Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ менависанд, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ» оташи калоне фурўзон карда мешуд ва он ҷашни Садаро хотирнишон мекард. Ба ақидаи муаррих Е.Э. Бертелс ороиши арчаи солинавӣ, ки танҳо дар асри XVII дар Аврупо маълум гашт, инъикоси ҳамон дарахти ҷашнии Сада мебошад.

Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар давлатҳо бо роҳи муомилоти савдои Роҳи абрешим паҳн мегардад.

Ҳамин тавр, чилрўзагии Хуршедро дар рўзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рўз, яъне 21-уми март замони комил шудани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рўз Наврўз аст.

Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ андешаи ҷолибе доранд: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус, хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бос­тон ситоиш ва парастиш шудааст”.

Баъзе аз олимон ба онанд, ки пайдоиши ҷашни Сада ҷанбаҳои нуҷумӣ дорад. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кўтоҳтар ва рўзҳо тулонитар мешаванд. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Садаанд, то имрўз дар байни мардумони гуногуни олам барҷоанд. Ин амал аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ў бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми ориёӣ бо роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рўз, ё Обонрўз аз баҳманмоҳ бо оташ афрўхтан аз ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ аз боми хонаи худ, ё аз баландии кўҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо бо оташгиронии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум ба якдигар кумак мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, дар ҷашни Сада маросими афрўхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.

Яке аз вижагии дигари ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Деҳқонон дар ин айём тибқи анъана ба кандани каналу заҳбурҳо, тоза намудани ҷўйборҳо, мондани яхоб, чошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, абзорҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Ба ибораи дигар, Сада низ мисли дигар ҷашнҳои сол, аз дидгоҳи ниёгони мо, ҷузъе аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассири худро гузошта метавонад.

Дар ин рўз базмгоҳҳо, маҳалҳо ва хонаҳо зиннат меёфтанд. Маликону амирон ба раияте баргузида, рў ба рў ва паҳлуяшон дар атрофи гулхан менишастанд. Ҷашни Сада дастархони ба худ хоссеро дошт, ки дар атрофи он нишаста маҷлиси рақсу бозӣ меоростанд, овозхонӣ ва бадеҳагўӣ мекарданд ва он то бомдоди дигар идома меёфт. Рўзи баъд шоҳону мулукон ба пазироӣ менишастанд ва маҷлис ба мусобиқаи шоирону бадеҳагўён табдил меёфт. Барои баргузории ҷашни мазкур дар ҷойҳои махсус мардум ҷамъ гашта, онро таҷлил менамуданд.

Кўдакон бештар ба “гулафшонӣ”, навъе аз бозӣ, ки ба мушакпарронии кунунӣ шабеҳ аст, машғул мешуданд. Дўшизаҳо меҳру орзуву омоли хешро дар матоъҳои сурху гулобию ҷигарӣ, ки ранги оташ ва сипанд, миҷози гарм доранд, мерезанд. Тоқии домодиро нигора мезаданд. Рамзи моҳ ранги сафед буд. Кор аз рўи хирад ба ҷо овардан ба хонаи пирон рафтан ва аз суҳбати онҳо баҳра бардоштан, бо ёрон машварат оростан, бо душманон роҳи оштӣ ҷустан, либоси хуб пўшидан, ба хонаи ҳамсоя ширинӣ бурдан, ба аёдати беморон рафтан аз суннатҳои муҳимми ҷашни Сада ба ҳисоб меравад.

Нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки ҷашн­ҳои бостонии мо, бахусус, Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада гарчанде ки аз ҷониби ориёитаборон асос ёфтаанд, лек танҳо ба як миллат ё қавме рабт надошта, балки ҷашнҳои умумибашарӣ низ мебошанд.

Имрўз ба шарофати истиқлол, моро имкон даст дод, ки ҷашнҳои суннативу миллии хешро эҳё намоем. Мутахассисони соҳаи этнография, бос­тоншиносӣ, фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрўз бештари ойину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, оид ба қисматҳои баҳсталаби онҳо пажўҳиши илмӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамин тавр, Сада яке аз ҷашнҳои бошукўҳи гузаштагони мо буда, аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукўҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд ва имрўз низ моро мебояд дар тамоми минтақаҳои мамлакат ин ҷашни аҷдодиро бо хусусиятҳои миллӣ ва таърихии худ таҷлил намоем.

Абдурозиқ МАРДОНӢ,

рўзноманигор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram