РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада таҷлил гардид

Имрӯз дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада таҷлил гардид. Дар ин бора рӯзномаи ноҳияи Айнӣ «Файзи Зарафшон» хабар дод.

Нахуст, Раиси ноҳия аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуд. Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ кард.

Дар тантанаҳои идона аҳли заҳмати ноҳияи Айнӣ иштирок карда, дастоварди меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳӣ аз арҷгузории мардум нисбат ба иди бостонӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ ба Раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Сипосномаҳои Раиси ноҳияи Айнӣ тақдим карда шуд.

Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертии идона пешниҳод карданд, ки боиси болидахотирии иширокчиён гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram