РАДИОИ ФАРҲАНГ

14 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон мулоқот намуд

26 январи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бо дархости он ҷониб ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram