РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: Романи «Қарз»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон ба табъ расид

Романи нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон бо номи «Қарз» дар нашриёти «АНИС»-и шаҳри Хуҷанд дар 392 саҳифа ба табъ расид.

Ин роман баъди романҳои «Умеди вопасин», «Фурӯғи ишқ» ва «Қасами Гиппократ» чорумин асари калонҳаҷми адиб мебошад.

Романи «Қарз» аз қарзи инсонӣ, қарзи фарзандӣ ва қарзи волидону пайвандон дар як оила қисса мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳикояву очеркҳои Маъруф Бобоҷон ҳанӯз аз солҳои донишҷӯй буданаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи умед» (1989), «Муҳаммад» (1991), «Бандии ихтиёрӣ» (2002), «Тавба» (2010), романи «Умеди вопасин» (2012), маҷмӯаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрӯзу фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғ. мебошад. Нашриёти «Светакан грох»-и Ҷумҳурии Арманистон қиссаҳои «Шаби охирин» ва «Ҷуфти кабӯтар»-и ӯро (1987) дар як ҷилд дастраси хонандагони арманизабон гардондааст. Қиссаи «Тавба» ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Анис» (2011) интишор ёфтааст. Асарҳои ҷудогонаи А.П.Чехов, К.Чапек, Э.Ҳемингуэй, қиссаи П.Лукнитский «Босмачиҳо дар Осиё» (1976), романи нависандаи кубоӣ К.Ловейра «Генералҳо ва духтурҳо» (1988), маҷмӯаи ҳикоёти адиби туркман Н.Сарихонов «Шукур-бахшӣ», К.Солиҳов «Аз пайи ҷи-ай» ва ғ.-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram