РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

31 январи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдурраҳмон Муборак Ан-Насрро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Давлати Қатарро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram