РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз резиши сангу фаромадани тарма ҳушдор медиҳад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, бинобар гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва ба амал омадани бориш аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ва рехтани сангҳо зиёд аст. Дар робита ба ин  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ  мерасонад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намуда,  эҳтиёткор бошанд. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар баъзе қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ ва  хатари фаромадани тармаю сангрезаҳо баланд боқӣ мондааст.

Ҳангоми сафар ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки аз ҳолати роҳҳо бохабар бошанд, ҳангоми ҳаракат дар навоҳии кӯҳӣ ва ё минтақаҳои хафвноки роҳҳо фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram